Моякӯбии беш аз ду миллион нафар дар Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки 2 миллиону 37 ҳазору 753 нафар бар зидди вируси корона ваксина гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раҷабзода Мирзоалӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ додаааст, ки дар вилояти Хатлон 1 миллиону 161 ҳазору 440 нафар воксани якум ва 876 ҳазору 313 нафар воксани дуюм гирифтанд, иттилоъ додааст сомонаи "Фараж".
Вай афзуд, кадом минтақаҳои вилоят дар ин раванд бисёр фаъоланд.
Ба иттилои вай, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Носири Хусрав, Ёвон, Хуросон, Данғара, Кӯлоб ва Восеъ дар моякӯбӣ дар зинаи авваланд.
Ҳамчунин Раҷабзода Мирзоалӣ қайд кард, ки моякӯбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯшониён, Вахш ва Балхӣ дар сатҳи паст қарор дорад.
Вазорати тандурустӣ гуфт, чанд фисади аҳолии Тоҷикистон моякӯбӣ шуд
Ҳамзамон сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар додааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ду миилиону 500 ҳазору 257 воя воксанаи "Модерна", "Астра-Зеника", "Супутник" ва дигар намудҳо ворид карда шудааст.

“Ҳоло дар вилоят зиёда аз 500 ҳазор воя воксана захира шудааст. Ба хотири моякӯбӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар ҳазору 200 нуқта ташкил карда шуда, ҳамчунин кормандони соҳаи тиб хона ба хона гашта, мардумро моякӯбӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.

Инчунин ин мансабдори вилояти Хатлон илова кардаст, ки сокинон бояд ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд ва саривақт дар нуқтаҳои махсуси моякӯбӣ воксан бигиранд.
Ёдрас мешавем, тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар кишвар беш аз 58 дарсади аҳолии калонсоли кишвар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар бар зидди COVID-19 ваксина гирифтааст.