ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Аз 20 декабр ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд маҳдуд хоҳад шуд. Дар ин бора аз ширкати IRS ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Аз 20 декабр, аз 9:00 то 13:00 ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд маҳдуд мешавад", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои ширкат, ин тасмим дар робита ба оғози корҳои таъмирии дохили нақби "Истиқлол" гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ин маҳдудият тахминан 10 рӯз давом мекунад.
Аз ин ширкат ҳамзамон гуфтанд, ҳоло роҳҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракат дар ин масир идома дорад.
Нақби “Истиқлол” аз бузургтарин нақбҳо дар Тоҷикистон аст, ки бо кумаки молии Эрон бунёд шуда, марказро бо шимоли кишвар мепайвандад.
Нақби "Истиқлол" бо кумаки 31-миллиондолларии Эрон ва 7 миллиону 800 ҳазор доллари Тоҷикистон дар соли 2006 бо талоши ширкати эронии “Собир” бунёд шуд.
Тоҷикистон ва Эрон барои бозсозии ин нақб 11 миллион доллар ихтисос додаанд.
Ин нақб бо тӯли 5 километр дар 80-километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шудааст.