ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Садҳо ҳазор афғонистонӣ кӯшиш хоҳанд кард, ки ба Аврупо фирор кунанд, агар аз буҳрони иқтисодӣ ва башардӯстона ҷилавгирӣ нашавад, гуфт Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия, мудири департаменти Осиё дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар.
"Ғарб аз ҷараёни муҳоҷират метарсад. Ва мо ба онҳо мегӯем, дар натиҷаи мушкиле, ки худи шумо эҷод кардаед, вақте ҳатто сохторҳои СММ пул фиристода наметавонанд, тақрибан даҳяк аз аҳолии 23-миллионнафарии Афғонистон зимистони имсол ба Аврупо мегурезанд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
Пас аз он ки толибон Кобулро ишғол карданд, бонкҳои ғарбӣ бо дастури Амрико дороиҳои хориҷии Афғонистонро масдуд ва ин кишварро аз низоми пардохти SWIFT низ ҷудо намуданд.
"Биёед, пули афғонҳоро боз кунем. Мо бояд ҳама корро кунем, то садҳо ҳазор оилаҳои афғон ҳоҷат ба тарки кишвар надошта бошанд. Мо бояд ба онҳо кумак кунем, то онҳо кӯшиш накунанд, тавассути тамоми сарҳадҳо ба Аврупо ворид шаванд, зеро онҳо ба ҳар ҳол рахна мекунанд”, - афзуд сиёсатмадор.
Авохири тобистон, дар пасманзари хуруҷи контингенти Амрико толибон ҳокимиятро ба даст гирифта, анҷоми ҷанги бистсоларо эълон карданд. Пас аз як моҳ аз ин охирин вилояти саркаши Афғонистон, Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Рӯзҳои аввал дар Кобул ваҳму воҳима ҳукмфармо буд, мардум ба хотири тарки кишвар ба фурудгоҳ рехтанд.
Пас аз ин буҳрони башарӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар сар зад.
Моҳи сентябр толибон ҳукумати муваққатро таъйин карданд, ки ба он аъзои ҷунбиш ва гурӯҳҳои ҳампаймон шомил ҳастанд ва бархе аз онҳо дар феҳристи таҳримҳои СММ-ву ИМА қарор доранд.