Марг дар саҳна: Болдуин пеш аз фоҷиа таппончаи калонтар хостааст

Маълумот дар бораи бозпурсии Болдуин дар расонаҳои амрикоӣ паҳн шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳунарманд Алек Болдуин, ки тасодуфан наворбардорро парронда буд ва коргардонро маҷруҳ кард, пеш аз наворбардорӣ "таппончаи калонтар" хостааст.
Дар ин бора дар фармоне, ки барои омӯзиши маълумоти телефони ҳунарманд содир шудааст, гуфта мешавад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Дар ин муҷаввиз маълумот дар бораи бозпурсии Болдуин оварда шудааст. Ҳангоми бозпурсӣ ҳунарманд ба муфаттишон гуфтааст, ки бо силоҳсоз Ҳанна Гутиеррес-Рид дар бораи силоҳ барои наворбардорӣ мукотиба кардааст.
"Ӯ (Болдуин - Sputnik) гуфт, ки байни Ҳанна ва ӯ мубодилаи номаи электронӣ вуҷуд дошт, ки дар он вай ба ӯ навъҳои гуногуни таппончаро нишон додааст. Вай гуфт, ки аз ӯ таппончаи калонтар пурсидааст. Ба Алек як "Colt" бо дастаи қаҳваранг ва дигаре бо дастаи ҷигарранг пешниҳод карданд. Дар охир вай дастаи қаҳварангдорро интихоб кард", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Фоҷиаи маргбор рӯзи 21-уми октябр дар зимни саҳнабардории филми ғарбии "Раст" рух дод.
Алек Болдуин зимни сабти филм тасвирбардорро паронд
Ҳангоми омодагӣ ба наворгирии саҳна Болдуин аз таппонча тир холӣ кард, ки маълум шуд, таппончаи тири воқеӣ доштааст.
Дар натиҷа зодаи Украина, оператор Галина Хатчинс ҳалок шуд. Як нафари дигар, коргардон - Ҷоэл Суса сахт маҷрӯҳ гардид.