Аз Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафт: ноҳия ба норасоии табибон рӯ ба рӯст

Кормандони тиб ба далели мушкили иқтисодӣ ва надоштани манзили зист, корашонро партофта, ба муҳоҷират рӯ оварданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Қурбодиён 51 нафар аз корманди Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тарки кор намуданд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Манбаъ аз қавли Файзулозода Каримҷон, мудири маркази мазкур менависад, аз ҷамъи 51 нафар, ки тарки кор намудаанд, 23 нафари онҳо ба муҳоҷират рафтаанд.
Файзуллозода тавзеҳ додааст, ки аз 23 нафари ба муҳоҷиратрафта, 17 нафарашон ҳамшираи шафқат ва 5 тани дигар пизишк мебошанд.
Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард
Зикр гардид, ки пас аз тарки кор кардани ин теъдод аз кормандони тиб ноҳияи Қубодиён ба 8 пизишк ниёз дорад.
Чанде пеш аз Раёсати тандурстии вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ, ки соли 2021 ба Русия омадаанд, дар ҷои дувум қарор гирифт. Инро оморро Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ, ҳудуди як миллиону 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Русия омадааст.