ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Абдукарим Олимбоев, намояндаи ваколатдори раисҷумҳурии Қиризистон дар як нишасти матбуотӣ хабар додаааст, ки дар Тоҷикистон ҳафт шаҳрванди ин кишвар барои ғайриқонуни убури марз боздошт шуданд, иттилоъ додааст хабарагузории "24kg".
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир тарафҳо дар мавриди табодули боздоштшудаҳо музокира мукунанд.
“Тавре медонед, бархе аз деҳаҳои марзии ба ҳам наздиканд ва сокинон тасодуфан марзро убур мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳафт нафар аз шаҳрвандони мо боздошт шудаанд, мо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардаем. Ба мо маълумот расид, ки ду шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз маҳкум шудааст. Гуфтушунид барои ба Ватан баргардондани онҳо идома дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар чаҳорчӯби қавонини Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Сипас агар қонун иҷозат диҳад, мо онҳоро ба кишвари ҳамсоя медиҳем”, - гуфт Абдукарим Олимбоев.
Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, ки ба наздикони боздоштшудагон такя мекунанд, дар авоили моҳи декабр дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии донишҷӯи 24-сола Айдарбек Ҳайдаров ва ду шаҳрванди дигари Қирғизистон баргузор шудааст.
Айдарбек Ҳайдаров ба ду сол маҳкум шуда, дигар шаҳрвандони Қирғизистон муҳлатҳои бештар аз инро пушти миллаҳои зиндон хоҳанд сипарӣ кард.
Расонаҳо хабар додаанд, ки он замон ин маълумотро дастгоҳи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд тасдиқ накарда буд.
Гуфта мешавад, раёсати вилоят ҳафтаи дуюм аст, ки посухи дархости худро аз ҷониби Тоҷикистон интизор аст.