Ашкрезии Рамазон Қодиров дар маросими ханҷарсупорӣ ба писараш - видео

Гирифтани кулоҳ ва ханҷар унсурҳои махсуси ин маросим буданд. Рамазон Қодиров зимни маросими ханҷарсупорӣ ба эҳсосот дода шуд ва ашк рехт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Маросими ба синни балоғат расидани писари раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар ҳудуди маркази муосири динии "Хяжин беш" баргузор шуд. Дар саҳифаи Рамазон Қодиров дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" хабаре дар бораи ин маросим нашр шудааст.
Писари Қодиров Элӣ понздаҳсола шуд.

"Тибқи одатҳои мардуми чечен, дар ин синну сол ҷавон намояндаи масъулиятшиноси оилаи худ мешавад. Тибқи анъанаҳои зебои қадимаи мо, дар маросими зебо бастани камарбанди силоҳ ҷои асосиро ишғол мекунад, ки баъд аз он писар ҷавонмарди комил ҳисобида мешавад", — навиштааст ӯ.

Қодиров гуфт, бастани камарбанди аслиҳаи ӯро, ки рамзи ба камол расидани ҷавонмард мебошад, аз ҷониби амаки президенти кунунии ҷумҳурӣ Муҳаммад Қодиров анҷом дода шудааст ва аввалин ханҷарро ба ӯ тағои дигараш ҳадя кардааст.
Бародари Рамазон Қодиров, муфтии Ҷумҳурии Чеченистон Салоҳ Хоҷӣ Межиев ба сари Элӣ кулоҳ гузошт, ки рамзи шаъну шараф аст.
Рамазон Қодиров ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ҷои баргузории маросим тасодуфан интихоб нашудааст, бобои бузурги Рамазон Қодиров Илёс Беноевский дар ин ҷо зиндагӣ мекардааст.
Қодиров ҳамчунин гуфт, ба муносибати ин чорабинӣ ҳозирин маросими “зикр”-ро иҷро карданд.
Қодиров зимни адои савганд падарашро ёд карду ашк рехт
Рамазон Қодиров арбоби давлатӣ, сиёсӣ ва низомии Русия аст. Ӯ аз 5 апрели соли 2011 раисҷумҳури Чеченистон мебошад. Вай иштирокчии ҷанги дуюми Чеченистон (1999-2009) дар тарафи Русия аст.
Рамазон писари аввалин президенти Ҷумҳурии Чеченистон дар ҳайати Русия Аҳмад Қодиров мебошад.