Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Таъйинот ва барканории подполковникҳо дар Гвардияи миллӣ: кӣ рафту кӣ монд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо содир кардани чанд фармон масъулини баландпояи Гвардияи миллиро тағйир дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, тибқи фармони президент, командири Бригадаи якуми махсуси зудамали
Гвардияи миллии Тоҷикистон Муҳибуллозода Исматулло Фатулло аз вазифа озод карда шуд.
Сабаби барканории подполковник ба кори дигар гузаштан гуфта мешавад.
Ҳамчунин сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ, подполковник Холматзода Исроил Муҳаббат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуда, ба ҷояш подполковники гвардия Раҳимов Олимхон Ширинович таъйин шуд.
Рухшонаи Эмомалӣ мансаби нав гирифт
Полковник Шамсудинзода Ризвон Саидхӯҷа аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ озод шуда, командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ таъйин гардид.
Ҳамчунин мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Тоҷикистон ва фармони президент, подполковник Одиназода Абдусалом Маҳмадулло командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ мансуб шуд.