ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вазорати маориф мегӯяд, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба 40 иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ тақдим шудааст.
Таъкид шудааст, ки инчунин 21 нафар аз волидони иштирокдорони озмун бо нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардидаанд.
Ба иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, инчунин роҳбари ин ниҳод дастур додааст, ки ба 10 нафар ширкаткунандаи озмун - пиронсолону ятимон, сарбозон ва камбизоатону шахсони маълул ду ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим гардад.
Дар баробари ин мақомдорони маориф ва шаҳру навоҳии кишвар барои саҳми арзанда дар баргузории озмун бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Интизор меравад, ғолиб, барандаи ҷоизаи олии озмун давоми рӯз эълон шавад.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соли сеюм аст, баргузор мешавад, ки сарпарасти он президенти Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои Вазорати маориф, соли равон дар даври якуми озмун, ки дар сатҳи маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, беш аз 305 ҳазор нафар иштирок кардааст. Дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, зиёда аз 23 ҳазор нафар ширкат намуда ва дар даври сеюм дар сатҳи вилоятҳо аз 2 ҳазору 981 нафар 510 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст.