Сардиву то 30 дараҷаву барфу борон: Пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Сокинону меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои абрноку сард интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои ҳавои абрнок дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 17-22 сард, ҳатто дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар вилояти Суғд ҳавои ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 дараҷа хунук 6 дараҷа гарм ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо низ борону барф меборад. Ҳатто дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳушдор аз сардиҳо: Чанд тавсияи КҲФ ба сокинон
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ҳавои абрнок, асосан бебориш дар назар буда дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. ҳавошиносон аз фаромадани тормеғ (туман) хабар медиҳанд. Ҳаво шабона аз 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.