ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУХ.
Ба иттилои манбаъ, фаъолияти дипломатии Такаюки Мияшита дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва Сироҷиддин Муҳриддин бо ӯ бори охир мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопонро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш фаъолияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон низ анҷом ёфт.
Муҳриддин дар зимни дидори ахираш бо Серватюк, ки ҳамчунин охирин дидораш ба унвони сафири Украина дар Тоҷикистон бо вазири тоҷик буд, барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар кишвар изҳори сипос намуд.
Василий Серватюк моҳи октябр бо фармони президенти Украина аз вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон сабукдӯш шуд ва омили барканори ӯ то ҳол норӯшан аст.