Раиси осоишгоҳи назди дастгоҳи раисҷумҳур иваз шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбари осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" - ро иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Самӣ Давлат аз вазифаи мудири кулли осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм"-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент озод гардид.
Бар асоси қарори ҳукумат, далели барканории Самӣ Давлат гузаштанаш ба кори дигар мебошад. Дар бораи вазифаи нави ӯ иттилоъ ироа нашудааст.
Бо қарори дигари ҳукумат, Камолзода Маҳмад Алиаҳмад мудири кулли нави осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" таъйин шудааст.
Ҷӯразода: Тоҷикистон имкони қабули 2 миллион сайёҳро дорад
Маврид ба зикр аст, ки осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" аз бузургтарин осоишгоҳҳо дар Тоҷикистон буда, берун аз он низ бо бӯғу чашмаи радонияш машҳур мебошад. Ин осоишгоҳ соли 2011-ум аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гирифта шуда, ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи президент гузаронида шуд.
Муассиса дар баландии беш аз 2 ҳазор метр, дар масофаи 51-километрии шаҳри Душанбе, дар водии Варзоб ҷойгир мебошад.
Ин осоишгоҳ ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта ташкил гардида, биноҳои асосии он солҳои 70-ум ва 80-ум бунёд шудаанд. Масъулини он мегӯянд, солҳои охир дар пайи таъмиру бозсозиҳо таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба ин муассиса майл ба афзоиш дорад.