ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Қазоқистон аз 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ҷашн мегирад. Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ва кишвардори феълии ин Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни худро самимона бо ҷашни таърихии ин давлат муборакбодӣ кард.
"Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Қазоқистон тайи солҳои гузаштаи истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан таъкид кард", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо бар аҳамияти татбиқи тавофуқоте, ки зимни сафари президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба даст омада буд, таъкид карданд.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев саҳми ӯро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдорӣ баланд арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор намуданд.