ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки 17 декабри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон бо ташаббуси ин вазорат ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад.
Манбаъ қайд кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар Русия, Қазоқистон, Олмон, Лаҳистон ва дигар кишварҳо кор кунанд, метавонанд барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намоянд.
Ин ярмарка бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки санаи 17 декабри соли равон таҷлил мешавад, ташкил карда хоҳад шуд.
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар хориҷ ҳам 17 декабр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Манбаъ илова кардааст, ки дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 50 ширкати дохиливу хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон кор пешниҳод хоҳанд кард.