Дар вилояти Хатлон 20 қарори раусо ботил шуд

Корманадони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар давоми 11 моҳ 20 қарори раисонро бекор намуданд, ки аз он 18 қарораш ба раисони шаҳру ноҳияҳо тааллуқ доштааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15дек — Sputnik. Далер Тӯрамуродзода, муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон хабар додааст, ки аз ин се қарораш аз раиси ноҳияи Ҷайҳун, чаҳор қарори раиси ноҳияи Восеъ, ду қарори раиси ноҳияи Балҷувон, як қарорӣ аз раисони ноҳияҳои Хуросон, Ҷомӣ ва Норак мебошанд.
Инчунин номбурда қайд кардааст, ки як қарори раиси ҷамоат дар ноҳияи Восеъ ва як қарори дигар дар ноҳияи Балҷувон, ки ба раиси хоҷагӣ дахл дошт, бекор карда шудаанд.
Боздошти мансабдори Кумитаи замин ва зертобеаш ба иттиҳоми фасоди молӣ
“Бештари қарориҳое бекор шуданд, ки ғайриқонунӣ қабул гардида буданд ё қитъаҳои заминро ба сокинон ғайриқонунӣ дода буданд”, — гуфт Далер Тӯрамуродзода.
Дар ҳамин ҳол мақомдори Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон қайд кардааст, масоҳати заминҳое, ки ғайриқонунӣ дар нисбати онҳо қарор қабул шуда буд, 359,54 гектар мебошад ва аз он 321,73 гектараш кишоварзӣ, 3,31 гектари дигар барои корҳои ғайрикишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.