ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, танҳо дар моҳи ноябр ин нишондод 1,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон Ожонси омори кишвар иттилоъ додааст, ки дар ин давра нархи маводи ғизоӣ ва ғайри он, ҳамчунин таъруфаҳои хидматрасонии пулакӣ боло рафтаанд.
Таварруми солона (аз январ-ноябри соли 2020 то январ-ноябри соли 2021) 8 фоизро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаи ҳадафманди таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 6 дарсад муқаррар шудааст.
Дар соли 2020 таваррум дар ҳамин сатҳ пешбинӣ шуда буд. Аммо дар охири сол болоравии рекордии таваррум дар даҳ соли охир - 9,4 дарсад ба назар расид.