ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкат масъул дар тоза кардани роҳ хабар додаст, ки дар мавзеи роҳ, аз километри 28 то 258-уми роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ барф меборад.
Ба иттилои манбаъ, масъулини ширкат ба поксозӣ машғул буда, феълан роҳ боз аст.
"Вобаста ба зарурат дар баъзе маворид барои гузариши "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудият ҷорӣ шудааст. Ин иқдом ба хотири эҷод нашудани монеа ба ҳаракати дигар намуди нақлиёт, хоса автомобилҳои сабукрав роҳандозӣ шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ин ширкат маълумот дар бораи вазъи роҳро мунтазам ба мусофирон ироа хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, қаблан Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки аз 13 то 15 декабр дар кишвар ҳаво сард хоҳад шуд. Аз ҷумла зикр мегардид, ки сокинони Суғдро ҳавои тағийрёбанда интизор буда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи ин минтақа борону барф меборад.