ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Барои ташхиси мусбати допинг размкори тоҷик Муин Ғафуровро аз ҳаққи ширкат дар набрдҳо барои шаш моҳ маҳрум кардаанд, хабар медиҳад MMA Fighting.
Ба иттилои манбаъ, санҷиши варзишкори 26-сола муайян кардааст, ки дар тани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст.
Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи "Dana White's Contender Series" анҷом дода буд.
Дар сурати пирӯзӣ Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размкор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.
Ахиран ӯ дар сафҳаи "Инстаграмаш" дар суҳбат бо мухлисонаш хабар дода буд, ки талош дорад, бо ташкилоти UFC шартнома бандад.
Ӯ гуфт, ҳоло дар Амрико тамрин мекунад ва пас аз як набарди дигар қад дорад, ба UFC роҳ ёбад
Размкори ҷавон рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда, то кунун 21 разм гузаронидааст, ки 17-тои онро бо пирӯзӣ ва чортоашро бо бохт анҷом додааст.
Муин Ғафуров (қад - 170,18 см, вазн - 64 кг) дар муҳорибаҳои омехта бо лақаби Тоҷик баромад карда, ду бор қаҳрамони самбои ҷаҳон (WCSF), қаҳрамони ҷаҳонии грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалии самбои размӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ҳаводиси бо допинг муттаҳам шудани варзишкорони тоҷик нав нест.
Қазияи Дилшод Назаров, қаҳрамони олипӣ, ки бо иттиҳоми допинг аз ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум гардид, аз пурсарусадотаринҳост.