Ҳавосанҷон аз фарорасии сармои 30-дараҷаӣ ба Тоҷикистон гуфтанд

Ҳавошиносон дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон сармои шадидро пешгӯӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар саросари Тоҷикистон ҳавои абриву фаромадани туман дар назар аст, гузориш медиҳад, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ҳавошиносон, 14 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барфпешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Ҳушдор аз сардиҳо: Чанд тавсияи КҲФ ба сокинон
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда, баъзан борону барф меборад ва туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавошиносон ҳавои абриву боридани борону барф ва фаромадани туманро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.