Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аксари гирифторони штамми омикрон дар Русия ваксина гирифта будаанд

Аз 16 шаҳрванди Русия, ки ба штамми омикрон мубтало шудаанд, аксарашон ваксина гирифта будаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аз 16 шаҳрванди Русия, ки гирифтори штамми омикрон ошкор шудаанд, 11 нафарашон эм шуда буданд, гуфт раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова.
Вай ёдовар шуд, ки 177 нафар аз Африқои Ҷанубӣ ва Танзания ба Русия баргаштанд.

"Аз инҳо 16 нафар штамми нав, омикрон доранд ва ман инчунин мехоҳам ба таври мухтасар бигӯям, ки дар байни онҳо асосан одамони эмшуда ҳастанд", - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои Попова, 11 нафар аз гирифторони омикрон ваксина гирифтаанд ва 7 нафари дигар коронавирусро аз сар гузаронидааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Нахустин фавт аз омикрон сабт шуд: дар кадом давлат
Бори аввал версияи нави коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд.
Он аз штаммҳои пештара тафовутҳои зиёд дорад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун нигаронӣ тасниф кунад.
Олимони африқоӣ мегӯянд, таъсири "Pfizer" алайҳи омикрон ночиз аст
Дар Тоҷикистон ҳанӯз штамми нави коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале чораҳои зиддиэпидемӣ пурзӯр карда шудаанд.
Сарвазири кишвар ва раҳбари ситоди муқобила бо коронавирус Қоҳир Расулзода дар нишасти ахираш аз паҳншавии штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дода, ба раҳбарони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки чораҳои зиддиэпидемикиро пурзӯр кунанд.