Душанберо ба шаҳри "ҳушманд" табдил медиҳанд

Бонки Рушди Авруосиё лоиҳаи "Шаҳри ҳушманд"-ро дар Душанбе оғоз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Хазинаи ташаббусҳои рақамии Бонки Рушди Авруосиё ба таҳияи лоиҳаи бунёди шаҳри "ҳушманд" ва ҳамчунин татбиқи ташаббусҳои рақамӣ дар Душанбе шуруъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии бонк.
Ёддошти тафоҳумро муовини раиси Бонки Рушди Авруосиё Тигран Саркисян, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд - "Smart City"" Хайрулло Самадзода имзо кардаанд.

"Иқтисоди рақамӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад ва ин дар барномаи миёнамуҳлати тавсеаи Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст", - гуфтааст хадамоти матбуотии ин бонк.

Коршиносон нақша доранд, имкони иштироки БРА дар маблағгузории таҳия, татбиқ ва таҳияи қарорҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва хидматрасонии давлатиро омӯзанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар таҳияи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои рақамӣ дар қаламрави Душанбе, таҳияву роҳандозии лоиҳаҳои озмоишӣ дар соҳаи трансформатсияи рақамӣ, барои густариши минбаъдаи онҳо дар саросари Тоҷикистон ба таври муштарак кор кунанд, хабар медиҳад манбаъ.
БРА муассисаи байналмилалии молие мебошад, ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад. Сармояи оинномавии БРА 7 миллиард доллар аст.