Вазорат гуфт, Тоҷикистон чӣ қадар нафт истеҳсол ва чӣ қадар воридот кардааст

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумот дар бораи воридот ва истеҳсоли маҳсулоти нафтиро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 20,4 ҳазор тонна расидааст, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, дар ин муддат дар кишвар 405,4 тонна бензин тавлид шудааст.
Бояд қайд кард, ки ин рақам дар заминаи ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷа ночиз аст.
Дар ин давра воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар афзош ёфтааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 50 кони кашфнашудаи нафту газ ёфт шуд
Давоми даҳ моҳ кишвар беш аз 495,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,4% зиёд будааст.
Маблағи умумии харид аз хориҷа аз 312,2 миллион доллар гуфта мешавад.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон интиқол дода мешуд.
Ёдовар мешавем, нархи маводи сухт дар Тоҷикстон давоми соли ҷорӣ ба таври рекордӣ дар кишвар боло рафт. Ин гароншавӣ ба қимати роҳкиро хизматрасониҳо ва молу коло бетаъсир намонд.
Ҳоло ба иттилои мақомот дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.
Тоҷикистон чӣ қадар кони нафту тилло дорад? шарҳи мақомот
Қаблан муовини сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода гуфт, дар кишвар беш аз 50 кони наомӯхта, вале ояндадори нафту газ кашф шудааст ва бисёре аз конҳо ҳанӯз ба омӯзиши ҷиддии геологӣ ниёз доранд.
Ӯ гуфт, дар кишвар то кунун ҳамагӣ 27%-и тамоми захираҳо истихроҷу фароварӣ мешавад ва ин барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кофӣ нест.