"Time" "Инсони сол-2021"-ро эълон кард

Маҷаллаи "Time" соҳибкор Илон Маскро "Инсони сол-2021" эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Бунёдгузори "SpaceX" ва молики "Tesla", тибқи арзёбии маҷаллаи амрикоии "Time", имсол инсони сол дониста шуд, хабар дод РИА "Новости".
Манбаъ зикр намудааст, ки соли гузашта дар ин бахш президенти феълии ИМА Ҷо Байден ва ноиби раисҷумҳур Камала Харрис баранда дониста шуданд. Як соли пеш аз ин маҷаллаи мазкур ин унвонро барои фаъоли экологӣ Гретта Тунберг дода буд.
Илон Маск сарватмандтарин инсон дар ҷаҳон эълон гашт
Маврид ба зикр аст, ки ин унвон аз сӯйи маҷалла аз соли 1927 то ҳол, ҳамасола дода мешавад ва нахустин барандаи он халабон Чарлз Линдберг шуд, ки нахустин бор бо ҳавопаймо бидуни ист аз болои уқёнуси Атлантика парвоз карда буд.
Бар асоси "Донишномаи озод", ин унвонро дар солҳои гуногун намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия низ соҳиб гардидаанд. Аз ҷумла Иосиф Сталин ду бор, Никита Хрушёв, Юрий Андропов якборӣ ва Михаил Горбачёв ду бор инсони сол эълон шудаанд.
Маҷаллаи мазкур соли 2007-ум Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро инсони сол эълон карда буд.