Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Нахустин фавт аз омикрон сабт шуд: дар кадом давлат

Нахустин фавт аз навъи нави коронавирус - омикрон дар Британия сабт шуд, гарчанде ин штамм бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ сар зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сарвазири Британия, Борис Ҷонсон нахустин ҳолати фавт аз штамми омикронро эълон кард. Оҷонсии маҳалли РА аз қавли сарвазир хабар додааст, ки дар ин кишвар як нафар маризи омикрон ҷон аз даст додааст.
Қаблан ягон мавориди фавт аз навъи омикрон сабт нагардида буд, гарчанде СҶБ омикронро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард.
Штамми омикрон дар охири моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст. Таҳқиқот нишон доданд, ки он аз гузинаҳои қаблии коронавирус аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимони африқоӣ мегӯянд, таъсири "Pfizer" алайҳи омикрон ночиз аст
Аломатҳои омикрон дар калонсолон ва кӯдакон гуногун ба назар мерасанд. Хастагӣ, дарди сар, набудани иштиҳо, доғҳои пӯст ва дилзании зиёд аз нишонаҳои ин навъи коронавирус аст.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирусӣ ором арзёбӣ мешавад ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҳич як мавриди гирифторӣ ба ин вирус иттилоъ надодааст.
Вале қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.