ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, сафири Украина Василий Серватюкро бо сабаби анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Бар хабари вазорат, мулоқоти дипломати украинӣ бо вазири тоҷик дар бинои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни суҳбати хайрбодӣ, ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро баланд арзёбӣ карда, изҳори умед намудаанд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанба дар арсаҳои мухталиф густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт.
Гуфта мешавад, Муҳриддин ба Серватюк барои фҷаъолияти пурсамари дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр кишвардори Украина Владимир Зеленский сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз вазифа сабукдӯш кард.
Котиботи Зеленский сабаби барканории Серватюкро шарҳ надод.
Ӯ моҳи майи соли 2019 сафири Украина дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ҳамакнун бо гузашти ҳамагӣ 2,5 сол курсиро холӣ гузошт.
Василий Серватюк 12 марти соли 1957 дар деҳаи Украинка таваллуд шудааст. Соли 1997 Академияи байналмиллалии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро хатм намуда, доктори илм ва профессор аст.
Аз соли 1992 то 2019 ӯ дар мақомоти иҷроияи марказии Украина дар маснадҳои гуногун ифои вазифа кардааст. Номбурда оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.