ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи маълумоти Ожонсии ҳавошиносии кишвар, то 16 декабр ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ то 8-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ дар ин рӯзҳо чанд тавсияро ба сокинони ҷумҳурӣ ироа намудааст. Аз ҷумла аз шаҳрвандон дархост шуд, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд ва барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.
Илова бар ин кумитаи мазкур ба ронандагон аз сардиҳо ҳушдор дода, талаб намудааст, ки мошинҳои худро қабл аз сафар хуб аз назар гузаронанд, чархҳои зимистонӣ насб кунанд, мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин намоянд.
"Бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо эҳтиёт кунед", - тавсия додааст КҲФ.
Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми биноҳо аз ғарами барф зуд тоза шавад ва мошинҳоро набояд зери дарахтон гузошт.
Кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд.