ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷорадиҳии ҳуҷраҳои манзилҳо барои амалҳои шаҳвониро ошкор намуд.
Тибқи иттилои ВУД, ҷавонзани 40-сола, сокини шаҳри Хуҷанд даҳ ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро гӯиё дар соҳаи меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.
Манбаъ афзуд, мақомоти милиса ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фоҳишахона ташкил шудааст.
"Дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки хидматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби моилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки ба ивази 100 то 150 сомонӣ маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд.
Ба иттилои ВУД, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ, ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ кардааст.