ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Алмато навзод бо вакзни 6 килою 280 грамм таваллуд шудааст. Қади кӯдак 66 сантметр аст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Гуфта мешавад, кӯдак дар ҳафтаи 40-уми ҳомиладорӣ бо ҷарроҳии қайсарӣ таваллуд шудааст.
"Вазъи модар ҳоло қаноатбахш аст. Ин фарзанди ӯст. Навзод ҳам комилан сиҳҳат аст ва ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд", - афзуд Гулнора Нурланова, корманди бемористон.
Ба гуфтаи ӯ, ин бузургтарин кӯдак дар Маркази перинатология ва ҷарроҳии қалби кӯдакона ба дунё омадааст.
Гулнора Нурланова гуфт, аз ин қабл ҳам як кӯдаки калонҷусса таваллуд шуда буд, аммо ӯ 5 килою 800 грамм вазн дошт.
Қаблан дар вилояти Қустанай тифле ба дунё омада буд, ки 6 килою 155 грамм вазн дошт ва қадаш 57 сантиметр буд.
Вазни зиёда аз панҷ кило барои навзодон зиёд ҳисобида мешавад. Чунин кӯдакон хеле кам таваллуд мешаванд.