ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ӯзбекистон кумаки навбатӣ дар мубориза алайҳи бемории коронавирусро аз Русия дарёфт кард. Ин кишвар ҳудуди 200 ҳазор воя ваксинаи сохти Русияро гирифт.
Бояд гуфт, қаблан низ ин кишвар аз Русия 7 500 воя ваксини "Спутник Лайт"-ро гирифта буд. Таъсирбахшии ин ваксина алайҳи бемории коронавирус 79,4 дарсад арзёбӣ шудааст.
Ба ин тартиб теъдоди кулли ваксинаҳо дар Ӯзбекистон ба 48 миллион воя расидааст, ки 341 790 вояро маҳз Русия ба ин кишвар кумак намудааст.
Бар асоси омори расмӣ, теъдоди мубталоён ба вируси COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 195 246 нафар расидааст .
То кунун дар ин кишвар 191 976 нафар аз ин беморӣ беҳбуд ёфта, 1430 нафар бар асари он ҷон додааст.
Ваксинаи "Спутник лайт" дар аввали моҳи май дар Русия сабти ном шуда буд, ки самаранокии он 79,4 фоизро ташкил дод. Ин ваксина ҷузъи аввалини ваксинаи "Спутник V" мебошад.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон низ аз Ҳукумати Русия ба таври ройгон 50 000 воя ваксини "Спутник V" дарёфт карда буд.
Ин миқдор ваксинаи сохти Русия 13 август ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд гуфт, "Спутник V" нахустин ваксина дар ҷаҳон аст, ки Русия онро пас аз авҷи коронавирус таҳия кард.