ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Олимон чанд сенарияи рушди вазъи коронавирус дар Англияро пешгӯӣ карданд. Онҳо аз ҷумла ба навъи наве, ки дар ҳоли густариш қарор дорад, таваҷҷуҳ намудаанд.
Олимон тахмин мезананд, ки дар ин кишвар шумораи фавтидагон аз коронавирус то апрели соли 2022 метавонад тақрибан 75 ҳазор нафарро ташкил диҳад. Ба боварии олимон, дар сурати андешида нашудани чораҳои назорати иловагӣ чунин нишондодҳоро метавон интизор шуд.
Бори аввал ин навъ коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд.
Он аз штаммҳои пештара фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун сабаби нигаронӣ тасниф кунад.
Аломатҳои асосии он то ҳол дарди шадиди сар, табларза, дарди бадан ва хастагии аз ҳад зиёд гуфта мешавад.
Ёдрас менамоем, маркази "Вектор" ба ғайр аз ду нафари дигар, ки аз Африқои Ҷанубӣ омадаанд, дар бадани чаҳор сайёҳи дигари рус сирояти навъи омикронро тасдиқ карданд.