Гаштҳои шабонаю рӯзонаи вазир дар шифохонаҳо барои санҷиши сатҳи хидматрасонӣ - акс

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз роҳандозии гаштҳои рӯзонаю шабонаи вазир дар шифохонаҳои кишвар хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи гаштҳои рӯзонаю шабонаи роҳбарият, аз ҷумла шахсан вазири тандурустии кишвар шинос шудан бо сатҳи хидматрасонии шифохонаҳо мебошад.
Тибқи иттилои Вазорат, дар доираи ин иқдом Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар аз бинои 6-уми маркази тиббии "Шифобахш", маъруф ба беморхонаи "Қарияи боло" боздид кардааст.

"Аснои боздид аз бинои мазкур ҳамзамон вазири тандурустӣ бо рафти табобати беморон низ шинос шуда, бо наздикону пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки Абдуллозода назари беморону наздиконашонро дар мавриди сатҳи хидматрасонӣ дар ин муассиса шунида, ба масъулин барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастур дод.
Аёдати Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон аз ҳоли беморон дар шифохонаҳо
Қаблан Вазорати тандурустӣ таъкид намуда буд, ки рӯзҳои сешанбе ва шанбеи ҳар ҳафта дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандони мамлакат эълон шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ, сокинон метавонанд бевосита бо роҳбарияти ин ниҳод суҳбати озод дошта бошанд ва мушкилоташонро ба миён гузоранд.