ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Якчанд иёлати шарқии Амрикоро гирдбод ва тӯфони шадид фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА "Новости". Аз ҷумла офати табиӣ Иллинойс, Миссури, Арканзас, Кентукки ва Теннессиро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, танҳо дар Кентуккӣ тақрибан 70 нафар кушта шуд. Инчунин дар бораи марги як сокини хонаи пиронсолон дар Арканзас ва се нафар дар Теннессӣ гузориш шудааст.
Тақрибан 138 ҳазор нафар дар Теннессӣ ва 72 ҳазор нафар дар Кентуккӣ аз нерӯи барқ маҳрум монданд.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар Кентуккӣ вазъияти изтирорӣ эълон кард ва ба манобеи федералӣ амр дод, ки ба минтақаҳои осебдида кумак кунанд.
Манбаъ меафзояд, сафорати Русия дар ИМА ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.