Дурнамои буҷаи Тоҷикистон дар солҳои 2023 ва 2024 маълум шуд

Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои даромаду хароҷоти буҷаи давлатӣ дар солҳои 2023 ва 2024-ро тасдиқ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дурнамои даромади буҷаи давлат дар соли 2023 ба андозаи 37 миллиарду 171 миллион сомонӣ дар назар аст.
Бар асоси дурнамои тасдиқкардаи парлумон, хароҷоти буҷа дар соли 2023 ба маблағи 37 миллиарду 747 миллион сомонӣ пешбинӣ шудаст. Касри буҷа 575 миллион сомонӣ ё худ ё худ 0,5 дарсади ММД гуфта мешавад.
Нархи сиёҳ кардани шишаҳои мошин дар Тоҷикистон боло меравад
Тибқи дурнамо, соли 2024 даромади буҷа 40 миллиарду 364 миллион сомонӣ ва хароҷот 40 миллиарду 999 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Касри буҷа ба маблағи 634 миллион сомонӣ ва ё 0,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян шудааст.
Қабули дурнамо барои солҳои оянда ба он далел роҳандозӣ шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон зимни қабули қарорҳо, ки маблағгузориро аз буҷаи давлат талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳо амал кунанд.
Нишондиҳандаҳои дурнамо метавонанд бо назардошти тағйироти макроиқтисодию рушди иқтисодиёти кишвар тағйиёр ёбанд.
Бар асоси қонуни қабулшудаи буҷа барои соли 2022, қисмати хароҷот дар соли оянда 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ ва даромади буҷа 33 миллиарду 2,8 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.