"Very Peri": эълони ранги асосии соли 2022 - акс

Донишкадаи рангҳои "Pantone" яқ ранги кабудмонандро ҳамчун ранги асосии соли 2022 эълон кард
Sputnik
Ин як ранге аст, ки қаблан вуҷуд надошт. Он "Very Peri" ном гирифт.
Коршиносон бовар доранд, ки омезиши рангҳои кабуд ва бунафшу сурх хушҳолиро инъикос мекунад.
Ба гуфтаи коршиносони Pantone, ранги сол "ранги он чизест, ки мо дар фарҳанги ҷаҳонӣ мебинем ва он рӯҳияи умумиро ифода мекунад".
"Very Peri" рамзи рӯҳияи замон ва давраи гузариш гардид, ки инсоният аз сар мегузаронад.
1 / 12

Гурбаи Луиза дар мобайни як даста гулҳои арғувонии тирамоҳӣ дар боғи шаҳри Клаусдорф дар наздикии Кил, дар шимоли Олмон.

2 / 12

Маликаи Бритониёи Кабир Елизавета 2, дар як маросими барабаннавозӣ дар беморхонаи шоҳии Челси ширкат мекунад.

3 / 12

Баҳри Балтика.

4 / 12

Келли Осборн дар Гала-консерти Elysium Heaven дар Санта Моника, Калифорния.

5 / 12

Кафшҳои ҳунарпешаи Стеф Доусон дар маросими ҷоизасупории филми MTV 2016 дар Студияи Warner Bros.

6 / 12

Теннисбози касбии амрикоӣ Серена Уилямс аз Иёлоти Муттаҳида пас аз пирӯзӣ бар Мария Шарапова ҷоизаашро мегирад.

Ин сабқати WTA буд.

7 / 12

Модел коллексияи MGPIN "Make-up Styling 2012"-ро дар ҳафтаи мӯди Чин дар дар Пекин намоиш медиҳад.

8 / 12

Парандае дар мамнуъгоҳи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Сан-Хосе, Калифорния.

9 / 12

Леди Гага ба маросими супоридани ҷоизаи Грэмми Лос-Анҷелес бо либоси футуристии ранги бунафши рӯшан аз "Armani Prive" омадааст.

10 / 12

Шукуфаҳо дар дарахтони Ҷакаранда дар Калифорнияи Ҷанубӣ.

11 / 12

Ҳунармандон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои паралимпии соли 2012 дар Лондон ҳунарнамоӣ мекунанд.

12 / 12

Сайёҳон аз болои пули арғувон (Пули Ангел), ки ҷазираҳои Банвол ва Паркҷиро дар музофоти Ҷеоллаи Ҷанубӣ дар Курёи Ҷанубӣ мепайвандад, мегузаранд.