Аз 17 дараҷа гармӣ то 25 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Рӯзи шанбе меҳмонон ва сокинони Тоҷикистонро ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буд, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм ва рӯзона 18-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Ин ҷо низ дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯи шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук ва 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.