Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Ваксинагирии беш аз нисфи мадуми кишвар

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки дар кишвар 55,3 дарсад аз шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 10 декабри соли равон дар кишвар 3 миллиону 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) бар зидди коронавирус ваксина гирифтааст.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 677 ҳазору 138 нафар (45,9%) шаҳрванди кишвар гирифтааст.
Вазорати тадрустӣ қайд кардааст, сокинони кишвар бо як масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, бар зидди коронавирус ваксина мегиранд .
Ваксина занед, баъд ба Душанбе равед: муроҷиати БДА-и Суғд
Бояд гуфт, тибқи қарори Ситоди пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, нафароне, ки бар зидди ин беморӣ ваксина нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ваксина барои шаҳрвандони Тоҷикистон комилан ройгон аст.