ЮНИСЕФ барои наҷоти Афғонистон ду миллиард доллар дархост кард

Бунёди кӯдакони СММ бори нахуст аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин миқдор маблағ дархост намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. ЮНИСЕФ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки оҷилан барои наҷоти 24 миллион шаҳрванди Афғонистон ду миллиард доллар ҷудо кунад.
Ин созмон дар изҳороти ахири худ навиштааст, ки нисфи ниёзмандон дар Афғонистон кӯдакон мебошанд.

"Ду миллиард доллар метавонад соҳаҳое чун тандурустӣ, маориф ва дигар бахшҳоро аз фалаҷшавӣ наҷот диҳад", - бовар доранд намояндагони созмони мазкур.

Бино ба изҳори ЮНИСЕФ, Афғонистон дар пешорӯи буҳрони фалокатбори ғизоӣ, хуруҷи бемориҳое чун сурхак, дарунравии шадид, фалаҷи атфол ва дигар маризиҳо қарор дорад. Барои ҷилавгирӣ аз буҳрони шадид, ин созмон бори нахуст барои дасгирӣ аз як давлат чунин маблағ дархост намудааст.
Дар Тоҷикистон масъалаи расондани кумаки фаврӣ ба Афғонистон баррасӣ шуд
ЮНИСЕФ нақша дорад, ду миллиард доллари дархостшударо барои тавсеаи муолиҷаи як миллион кӯдак, ки ба норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯянд масраф кунад.
Ҳамчунин интизор меравад, бо ин маблағ 10,5 миллион кӯдак алайҳи маризии сурхак моякӯбӣ шаванд. Инчунин 11,5 миллион нафар бо оби тоза таъмин ва боз 7,5 миллион кӯдаки дигар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ин созмон пас аз дарёфти маблағҳои дархостшуда, инчунин истифодаи маблағҳои ирсолии башардӯстонаро барои қонеъ кардани ниёзҳои аввалиндараҷаи оилаҳо ва кӯдакони осебпазир бештар хоҳад кард.