Туркия барои Тоҷикистон пизишк омода мекунад

Табибони Тоҷикистон метавонанд дар Туркия таҳсилоти иловагӣ бигиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Туркия барои омода кардани мутахассисони тоҷик дар бахшҳои мухталифи беҳдошт кумак хоҳад кард.
Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар мулоқот бо Эмре Зеки, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ мутахассисони соҳаи ҷарроҳии эндоскопӣ, вирусология, микробиология ва эпидемиология метавонанд дар муассисаҳои олии пизишкии Туркия таҳсил кунанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи табодули таҷрибаи пизишкони тоҷику турк ба мувофиқа расиданд.
Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
Абдуллозода ва Зекӣ ба мувофиқа кардаанд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва густариши дастгирӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ба имзо расидани созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои давраи пандемия дар назар аст.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар чаҳорчӯби созишномаҳои соҳавӣ соли 1996 оғоз гардида, феълан бомуваффақият рушд мекунанд.