ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон садҳо кони наомӯхтаи нафту газ ва дигар захоири табиӣ мавҷуд аст.
Ҳоло зиёда аз 1400 кон кашф шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуд захираи хом ва ғайриминералӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин боз 50 кони нафту газ кашф шудааст.
Ба гуфтаи муовини сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода, бисёре аз конҳои Тоҷикистон ҳанӯз ба омӯзиши ҷиддии геологӣ ниёз доранд.
Дар кишвар то кунун ҳамагӣ 27%-и тамоми захираҳо истихроҷу фароварӣ мешавад ва ин барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кофӣ нест.
"Зиёда аз 25 кони нафту газ ва конденсат кашф шудааст. Аммо бо тавозуни захираҳои нафт 20 кон ба инобат гирифта шудааст, ки 12-тои он дар шимоли Тоҷикистон ва 8-тои он дар ҷануби кишвар ҷойгир аст", - гуфт Ализода ба АМИТ "Ховар".
Ба гуфтаи Ализода, захираҳои карбогидридҳои ҷумҳурӣ ниҳоят суст омӯхта шудаанд ва захираҳои кашфшудаи нафту газ имрӯз камтар аз 1%-и пешбинишударо ташкил медиҳанд.
Соҳаҳое низ ҳастанд, ки дар марҳалаи фароварӣ қарор дошта, 80—85 фоиз омӯхта шудаанд.
Захираҳои Тоҷикистон аз тило, нуқра, металлҳои сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо, сангҳои нимқимат ва ороишӣ, элементҳои радиоактивӣ иборат буда, ба гуфтаи муовини сардори Сарраёсати геология, ниёз ба мавриди омӯзиш қарор додан доранд.
Аз соли 2021 дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии рушди соҳаи геология то соли 2030 таҳия шудааст. Вай бояд корхонаҳои маъдани кӯҳиро бо захираҳои ашёи хоми минералӣ таъмин намуда, иқтидорҳои нав ба вуҷуд орад.
Қобили зикр аст, ки агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон 358 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошад, пас дар соли 2020 ба онҳо 300 корхонаи нави саноатӣ илова шуд.