Мақоми 140-уми Тоҷикистон дар феҳрасти Шохиси ҳифзи саломатии 195 кишвари ҷаҳон

Тоҷикистон дар Шохиси ҳифзи саломатӣ миёни 195 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 140-ум қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар гузориши ахири Пажуҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс зери унвони “Шохиси ҳифзи саломатии ҷаҳонӣ” (GHSI) Тоҷикистон дар дар мақоми 140-ум қарор гирифтааст.
Натиҷаи ин пажуҳиш, ки ахиран дар сомонаи "ghs index", нашр шуд, мизони хадамоти пизишкӣ ва ҳамчунин ҳифзи саломатии ходимони ин соҳаро фаро мегирад.
ИМА, Австралия, Финландия, Канада ва Таиланд дар ин феҳрист мақомҳои аввалро касб карданд.
Гвинеяи Экваторӣ, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Яман ва Сомалӣ мақомҳои охири феҳрастро касб кардаанд.
Вазорати тандурустӣ аз эҳтимоли пайдоиши "омикрон" дар Тоҷикистон гуфт
Миёни кишварҳои ИДМ мақоми баландтаринро Русия касб кардааст. Ин кишвар дар ин феҳрист дар ҷойи 47 қарор гирифтааст. Баъд аз Русия дар ин феҳрист Қазоқистон (55), Қирғизистон (68), Ӯзбекистон (82) ва Туркманистон (119) ҷой гирифтаанд.
Ҳамзамон Чин, ки дорои иқтисодҳои қавӣ дар ҷаҳон аст, дар ин феҳрист дар ҷойи 52-юм қарор гирифтааст.
Дар маҷмуъ дар ин феҳрист 195 кишвар ҷой дода шудааст.
GHSI мутобиқ ба додаҳои манбаъҳои боз ва инчунин маълумоти созмонҳои байналмилалӣ тартиб дода шудааст.