Русия дар соли 2022 ба чанд муҳоҷир иҷозаи кор медиҳад

Маълум гардид, ки соли оянда Русия ба чӣ теъдоде аз муҳоҷирон иҷозати кор дар ин кишварро медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи кор дар соли 2022 барои хориҷиёнро тасдиқ кард. Ҷамъан 124 007 квотаи корӣ ба муҳоҷирон дода мешавад.

"Соли 2022 ба муҳоҷироне, ки аз тариқи раводид озими Русия мешаванд, 124 007 квотаи корӣ дода мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати меҳнати Русия.

Бояд гуфт, ин квотаҳо ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дахл надоранд, онҳо бо усули дигар ҳисоб карда мешаванд.
Нархи патент дар Маскав 6 ҳазор мешавад
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати меҳнати Русия пешниҳод карда буд, ки ба минтақаҳо имкони дубора тақсим кардани квотаҳои истифоданашуда барои ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар байни худи корфармоён дода шавад.
Зимнан, тасмим дар бораи ба кор қабул кардани корманд тибқи квота танҳо дар ҳоле қабул мешавад, ки имкони дарёфти мутахассис дар дохили кишвар вуҷуд надошта бошад.
Дар баробари ин комиссияи махсус "дар сурати тамом шудани захираи квота дар тамоми кишвар метавонад пешниҳодҳои субъектҳоро рад кунад".