ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия (ФМР) ҳамроҳ бо Донишгоҳи давлатии Маскав миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ назарсанҷӣ гузаронидааст.
Дар маҷмуъ 4739 муҳоҷир дар зимни ин назарсанҷӣ пурсида шудааст, гуфт президенти ФМР Вадим Коженов.
Таҳқиқот нишон дод, ки маоши миёнаи як муҳоҷир дар Русия 47000 рубл дар моҳ аст.
Дар ҳамин ҳол онҳое, ки забони русиро медонанд, бештар, ҳудуди 49 ҳазор рубл ва онҳое, ки забони русиро сусттар медонанд, ҳудуди 37 ҳазор рубл дар моҳ мегиранд.
Дар бобати соҳаҳои саноат бошад, бинокорон аз ҳама зиёд — моҳе ба ҳисоби миёна 54 ҳазор рубл ва аз ҳама кам — коргарони соҳаи хоҷагии қишлоқ — қариб 36 ҳазору 800 рубл маош мегиранд.
Тақрибан 80 дарсади муҳоҷирон дар хонаҳо зиндагӣ мекунанд.
Беш аз нисфи пурсидашудагон (55,9%) итминон додаанд, ки нисбат ба худ аз тарафи русҳо назари манфӣ эҳсос намекунанд.
Аз миёни онҳое, ки беш аз панҷ сол дар Русия ба сар мебаранд, 57 дарсадашон мехоҳанд барои ҳамеша дар ин кишвар бимонанд.