ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар ҷамъбасти натиҷаҳои сиёсати муҳоҷирати Русия дар соли 2021 қайд кард, ки диаспораҳо дар зиндагии муҳоҷирон нақши муҳим надоранд.
Тибқи натиҷаҳои як пажуҳиш, ки мутахассисони ФМР дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов анҷом додаанд, бузургтарин нерӯи кориро барои Русия Ӯзбекистон таъмин мекунад.
Дар ҳамин ҳол на бештар аз се дарсади афроди навомада, агар бо кору манзил мушкилӣ дошта бошанд, омодаанд, аз иттиҳодияҳои динӣ ё ҷамоатҳо кумак бипурсанд.
Онҳо усулҳои дигари ба даст овардани маълумотро интихоб мекунанд, масалан, интернет ё ба истилоҳ "сухан аз даҳон"-ро.
Ин барои онҳо боэътимодтарин манбаъ аст.
Ёдрас менамоем, ки пештар намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, барои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон телефони боварӣ роҳандозӣ кард.
Гуфта мешавад, ин ин ташаббус ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.