Дарахти мудерн: дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат афрохт - акс

Дар Душанбе арчаи солинавӣ гузошта шуд. Пойтахт дар остонаи ид чӣ гуна оро дода шудааст, аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон бубинед
Sputnik
Чун анъана дар майдони Дӯстии пойтахт, дар паҳлуи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ гузошта шуд.
Тарроҳон ба технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд - дар дарахт қариб ягон бозичаи солинавӣ дида намешавад.
Имсол Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқлолро таҷлил кард.
Рамзист, ки баландии арча низ 30 метр аст. Дар дохили арча хонаи Бобои барфӣ ҷойгир аст. Ӯ дар даромадгоҳ меҳмононро пешвоз мегирад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта сокинони Душанбе Соли Навро бидуни арча таҷлил карда буданд, шаҳр низ бо чароғҳои идона оро дода нашуда буд.
Ин тасмим дар робита ба пандемияи коронавирус гирифта шуд.