Зодрӯзи Бурӣ Каримов ва Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи фасод: нуҳуми декабр дар ҷаҳон

Нуҳуми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи фасод мебошад
Sputnik

Муҳимтарин рӯйдодҳои нуҳуми декабр дар ҷаҳон

Соли 1852 дар Торонто Биржаи фондӣ таъсис дода шуд.
Соли 1909 клуби футболи "Баруссия" (Дортмунд) ташкил шуд.
Соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии "Звезда" (Ситора) таъсис ёфт.
Соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят шумурд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои нуҳуми декабр дар Тоҷикистон

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" таҳти унвони "Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона - асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" конфронс баргузор гардид.
Соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ дар бораи комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2014 варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Соли 2015 парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро қабул намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Уммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Ҷашнҳои нуҳуми декабр

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия;
Дар Танзания – Рӯзи истиқлол.

Нуҳуми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Ибодулло Абдуллоев (1918-2007) – дирижёр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ;
Рамзия Баккал (Тарсинова) (1926) – устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
Абдуҷалил Бобоҷонов (1926) - Арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Ашӯрмаҳмад Ғуломов (1948) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Леонид Зимин (1909 – 1981) – доктори илми биологӣ, профессор;
Бӯрӣ Каримов (1957) – доктори илми техникӣ, профессор.
Исполнительный директор, руководитель Секретариата Межправительственного совета дорожников Бури Каримов
Евгений Лобенко (1939) - оҳангсоз;
Роҳила Набиева (1933) - забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
Манижа Раҳмонӣ (1984) - шоир;
Усмон Ҳасанов (1930)- Арбоби ҳизбию давлатӣ;
Хушбахт Хушвахтов (1926-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.