Тоҷикистон барои устуворӣ ба тағйироти иқлим грант мегирад

Тоҷикистон барои коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим 1,3 миллион доллар грант мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад, то устворияш дар баробари тағйири иқлимро таҳқим бахшад.
Тибқи иттилои намояндагии БОР дар Душанбе, ин гранти 1,3-миллиондолларӣ барои кор дар ҳавзаи дарёи Панҷ тахсис мешавад.
Таъкид шудааст, ки тағйироти иқлимӣ, офатҳои табиӣ аз мушкилоти асосӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ гардидаанд.

"Кумаки техникӣ барои дастгирии сармоягузориҳои стратегӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона мешавад", - омадааст дар иттилоия.

Ба ақидаи коршиносон, дар солҳои наздик эҳтимоли хушксолӣ аз 3 дарсад то ба 25 дарсад дар нимаи қарни 21 пешгӯӣ мешавад.
Бориши кам ва афзоиши ҳарорат ба коҳиши ҳосилнокӣ мунҷар мешавад, ки ин ҳама метавонад боиси осебпазирии амнияти ғизоӣ гардад.
Тоҷикистон дар пешорӯи фалокати азим қарор дорад
Дар доираи лоиҳа мутахассисон хатарҳои иқлимиро арзёбӣ карда, картаи осебпазириро таҳия мекунанд. Инчунин ба мақомоти Тоҷикистон дар омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои мутобиқшавии бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ бо иқлим кумак мекунанд.
Ин дар ҳолест, қаблан хабар дода шуда буд, ки Барномаи рушди СММ барои устувории Тоҷикистон дар баробари тағйироти иқлим ҳудуди 2,7 миллион доллари амрикоиро ҷудо кардааст.