ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Муҳлати амали ташхиси манфии коронавирус дар Русия аз 72 ба 48 соат кам шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон гуфт, минбаъд мусофирон зимни вуруд ба Русия бояд санади ташхиси коронавирусеро пешниҳод кунанд, ки на пештар аз ду шабонарӯз то лаҳзаи вуруд гирифта шудааст.
Эълон дар бораи коҳиши муддатзамони ташхиси коронавирус ё худ тести ПЦР дар саҳифаи расмии сафорат нашр гардидааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, тасмим дар бораи кам кардани муддати амали санади ташхисро сартабиби санитарии Русия рӯзи чаҳоруми декабр қабул карда, он аз ҳаштуми декабри соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Таъкид шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, метавонанд хулосаи ташхисро бо истифодаи замимаи мобилии "Сайёҳати бидуни COVID-19" - "Путешествую без COVID-19" пешниҳод намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд ва кор дар муҳоҷират сарчашмаи асосии таъминоти хонаводаҳояшон дар Ватан мебошад.