Баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистону Аврупо

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷанбаҳои калидии шарикиро дар соҳаҳои сиёсӣ ва амниятӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ зимни дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Тери Хакала, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур тарафҳо дар бораи ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкории минтақаӣ табодули назари судманд доштанд.
Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист
“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақаӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзуъҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бояд гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ахиран ба Ӯзбакистон сафар кард, то ҳаштуми декабр дар Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1, ки дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок намояд.