Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вирусшинос гуфт, паҳншавии штамми омикрон охири пандемия аст - видео

Профессор мегӯяд, геноми ноустувори коронавируси Вуҳан боиси пайдоиши штамми омикрон гардид ва ин ба поёни пандемия оварда мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Коронавирус геноми хеле ноустувор дорад ва ин ба он маъност, ки пандемия ба зудӣ хотима меёбад, мегӯяд Анатолий Алтштейн, вирусолог, доктори илмҳои тиб, академики Академияи илмҳои табиӣ.
Ноустуворӣ аз пайдоиши штамми навбатии омикрон шаҳодат медиҳад.
Ӯ мегӯяд, дар ин навъи вирус таҳаввулот аз ҳад зиёд аст ва омикрон набояд боиси фавти зиёди одамон гардад.
Штамми нави B.1.1.529 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи бистуми ноябр кашф шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пандемияи COVID то кай давом мекунад: Пешгӯии олимони бритонӣ
Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав дар геноми SARS-CoV-2 аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.
Зимнан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин навъро "ташвишовар" гуфт ва онро омикрон номид.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемор шудаанд ё ваксина гирифтаанд, эҳтимол мубтало ба ин навъи вирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару аъзои дигари баданро дар бар мегиранд.