ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вирусшинос Пётр Чумаков гуфт, коронавирус босуръат ба марҳилаи дуюми таҳаввули худ ворид мешавад, бинобар ин метавон тахмин кард, ки навъи нав, омикрон ба "ваксинаи зинда"-е бар зидди худи ин вирус табдил меёбад.
Ба гуфтаи вай, расонаҳо менависанд, ҳоло дар байни коршиносон ақидае вуҷуд дорад, ки табиат ваксинаи зинда бар зидди коронавирус офаридааст.
"Одамоне, ки ба ин навъи нави КОВИД гирифтор мешаванд, дар муқобили дигар бемориҳои сироятӣ тоб меоранд", - гуфт Чумаков.
Мутахассис чунин мешуморад, ки пайдоиши омикрон метавонад боиси ба зудӣ аз байн рафтани ҳама маҳдудиятҳо гардад, зеро таъсири беморкунандаи ин навъ коҳиш ёфтааст.
"Он камтар патогенӣ, аммо дар айни замон сирояткунандатар шудааст, ки ин ҳам хуб аст, зеро бо ин роҳ шояд табиат ваксинаи зинда бар зидди коронавирусро офарида бошад", - шарҳ дод Чумаков.
Қаблан вирусшиноси маъруфи рус, профессори Маркази Гамалея Анатолий Алтштейн гуфта буд, ки пайдоиши навъи нави коронавируси омикрон метавонад ба поёни пандемия оварда расонад.
Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда буд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ омикронро нигаронкунанда тасниф кунад. Аломатҳои асосии он дарди сар, табларза, дарди бадан, хастагии шадид ва тапиши зиёди дил гуфта мешаванд.